ХАБАРИ ХУШ! Барандагони медалҳои олимпӣ дар Тоҷикистон кумаки молии якумра хоҳанд гирифт
Аз 1 январи соли 2024 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпи тартиби нави пардохтҳои моддӣ муайян мешавад. Аз ҷумла, ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳиби медал гардидаанд, моҳонаи якумра пардохт карда мешавад. Дар ин хусус сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Ин амал дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи ин ҳуҷҷат намудҳои олимпии варзиши инфиродӣ ва даставӣ 50 нишондод барои ҳисобҳо барои ҷойи аввал (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ), барои ҷойи дуюм 30 нишондод ва барои ҷойи сеюм 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад.
Дар санади мазкур омадааст, ки агар варзишгар аз ҷониби Ташкилоти дахлдори зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, кумакпулии якумрӣ бекор карда мешавад.
Агар қоидавайронкунӣ тасдиқ нашавад, пас кӯмакпулӣ, аз ҷумла барои моҳҳои пардохтнашуда ҳангоми санҷиш идома хоҳад ёфт.
Асосҳои маҳрум кардан аз кӯмакпулии якумрӣ инчунин марг, вайрон кардани одоби варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи давлати хориҷӣ мебошад.
Дар айни замон дар Тоҷикистон ба 4 варзишгар муяссар шудааст, ки медали бозиҳои олимпиро ба даст оранд, аз ҷумла, медали тилло ба Дилшод Назаров (варзиши сабук), медали нуқра ба Юсуф Абдусаломов (гўштин), медалҳои биринҷӣ ба Расул Боқиев (ҷудо) ва Мавзуна Чориева (бокс).
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон