Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш оид ба рафъи бешаҳрвандӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон иштирок намуд

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  бо ташаббуси Раёсати минтақавии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамоиш дар мавзӯи рафъи бешаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар  ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Дар ин чорабини муҳим аз ҷониби Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода,  сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ҳусейн Халилзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон доир ба иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба решакан намудани бешаҳрвандӣ, қабули санадҳои вобаста ба ин самт қабулгардида  ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои бартараф намудани бешаҳрвандӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE