Дар Вазорати молияи Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баррасӣ гардид

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президент – котиби корпоративии Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад ба ин вазорат.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро баён карданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо чанд рўз пеш ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт ба Тоҷикистон омад. Номбурда баҳри тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон зимни ин сафар бо роҳбарони якчанд вазорату идораҳо мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE