Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ паради ҳарбӣ баргузор шуд

 Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 3  ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан. 

Дар паради ҳарбӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирокдорони гузаштро ба муносибати ҷашни фархундаи миллат- 32-солагии Истиқлолияти Ватан самимона шодбош гуфта, аз заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва  зиндагии орому осудаи  мардум  ибрози назар намуд.

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи 8 сентябр бо руҳияи баланд ва ифтихори беандоза ба Ватани азизашон- Тоҷикистон дар ҳамоиши тантанавӣ ва гузашти низомӣ, ки ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид, иштирок намуданд.

Дар гузашти ҳарбӣ ҳар сокини содиқ ба Ватан-Модар, мардони шуҷою далер ва муҳофизони ин сарзамин бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ иштирок намуда, садоқати худро ба халқу меҳан ва сарвари созандаву бунёдкор, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд. Паради ҳарбӣ дар майдони Исмоили Сомонии маркази вилоят бо ворид намудани Парчами давлатӣ, гузориш додани роҳбарияти парад ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомию интизомӣ ва ихтиёриён аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли иштирокдорони гузашти низомиро ба ифтихори 32-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона табрик намуд. Раиси вилоят иброз дошт, ки «расидан ба истиқлоли миллӣ орзуи чандинасраи миллати сарбаланди тоҷик буд ва ба таъкиди Роҳбари давлат, «истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард»».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE