ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО ВАЗИРИ БЕҲДОШТ, ДАРМОН ВА ОМӮЗИШИ ПИЗИШКИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БАҲРОМ АЙНУЛЛОҲӢ МУЛОҚОТ НАМУД

17 июли соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ  мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустии ин кишвар, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки  ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар маркази диққати роҳбарони ду кишвар қарор дошта,  марҳилаи сифатан нави рушдро касб намуда истодаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон  иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли муштараки маводи доруворӣ, ҷори намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани табибони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ин замина густариш додани мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир  намуда, бо мақсади ривоҷ додани соҳаи дорусозӣ дар  кишвар корхонаҳои зиёди хуру калон ба кор дароварда шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE