Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон
4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳавопаймо роҳрави махсус гузошта шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф кашида буд.
Бо нишони баланди эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон гарм истиқбол гирифтанд.
Ҷавонони туркман бо либосҳои миллӣ ба меҳмони олимақом гулдаста тақдим намуда, нону намак пешкаш намуданд.