Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 30 нафар ҷони худро аз даст доданд
Дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар саросари ҷумҳурӣ 475 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иттилоъ дод. Ба иттилои номбурда аз шумораи умумии ҳодисаҳо 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонидааст. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ин давра 30 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе