Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифт

23 сентябр дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки замони муосирро бе мутахассисони соҳаи биология ва дастовардҳои ин соҳа тасаввур намудан ғайриимкон аст. Соҳаи биология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ ёфта, баҳри омӯзиши ин соҳа тадбирҳои судманд андешидан зарур аст. Иқдоми навбатии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар самти омода намудани мутахассисиони соҳа муҳим буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат хоҳад намуд.

Зимни ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда масъулин иттилоъ доданд, ки озмоишгоҳ бо асбобҳои муосир таъмин гардида, баҳри иҷрои корҳои озмоишӣ, таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

Озмоишгоҳ дорои гӯшаи маводи физиологӣ, намунаи хушкшудаи ҳашароти зинда, гӯшаи растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи санҷиши таркиби маводи биохимиявӣ, дастгоҳи коркард ва санҷиши маводи табобатӣ, асбобҳо баҳри гузаронидани реаксияҳои ранга бо усули химиявӣ, микроскопии лазерӣ, дастгоҳ барои муаяйн намудани зичии маҳлулҳои муҳиташон маълум ва номаълум, тарозуи таҳлилӣ – AND – 120, Термостат барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадил, аквадистиллятори AЭ-14 барои ба даст овардани оби тозашуда тавассути дистилятсияи ҳароратии об, электрошкафи барқӣ, дастгоҳи андозагирии колонияи микроорганизмҳо ва ғайра мебошад, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Таъкид гардид, ки дар озмоишгоҳи мазкур навтарин таҷҳизотҳои илму техникии муосир харидорӣ шудааст, ки муҳаққиқон метавонанд таҳқиқоти илмии худро бо усулҳои гуногуни биологӣ бе мушкилӣ гузаронанд. Ҳамзамон, дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони РhD ва докторантони анъанавӣ метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ба роҳ монанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо устодону кормандони ихтсосҳои табиии донишгоҳ, аз ҷумла бо устодони факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтӣ, ҳамзамон бо масъулини Парки технологии донишгоҳ ҳамкории судманд намуда, навгониҳои тозаи илмию эҷодиро ба роҳ монанд.

Ректори донишгоҳ бо ҷараёни дарсе, ки дар Озмоишгоҳи биотехнология гузаронида мешуд, шинос гардид. Зимни суҳбат бо донишҷӯён атрофи иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди илму истеҳсолот ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу пешбурди корҳои илмию эҷодӣ ёдоварӣ карда шуд.

Иқдоми дигаре, ки дар факултети биология амалӣ шуд, бо дастури роҳбарияти донишгоҳ насби камераҳои назоратӣ мебошад. Маълум гардид, ки бо мақсади беҳтар гардидани сатҳи сифати таълим ва низоми тарбия дар синфхонаҳои факултет камераҳои назоратии овозӣ насб шуда, синфхонаҳои дарсӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳу садорати факултет назорат мешавад.

Дар зимн дар толори Шурои олимони факултет ректори донишгоҳ бо ҳайати роҳбарикунанда ва устодону кормандон вохӯрӣ намуда, иқдоми мазкурро баҳри амалишавии ташаббуси Пешвои муаззами миллат — “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз марказҳои муҳими омодакунии кадрҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи биология ба ҳисоб рафта, дастпарварони он имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни дохил ва хориҷи мамлакат фаъолият доранд. Ташкили чунин марказу озмоишгоҳҳо ҳар як мутаххасиси соҳаро водор месозад, ки баҳри рушди илму истеҳсолот аз пештара бештар фаъолият намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE