Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бинои Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳайё” мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, бино бо назардошти иншооти ёрирасон дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст.
Бинои Маркази ҷавонон дорои утоқҳои барҳавои корӣ, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ, маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагию пазандагӣ буда, барои кормандон тамоми имконияти фаъолият муҳайё гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо имконияти мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав ҷиҳозонида шудаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки ошёнаи якуми бинои нав аз синфхонаҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ, пазандагӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Қабати дуюми биноро синфхонаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои маъмурият ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншоот ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.
Толори маҷлисгоҳи Марказ бо тарҳ ва дизайни муосир оро ёфта, барои гузаронидани чорабинию маҳфилҳои оммавӣ мусоид аст. Ҳоло дар Марказ ҷавондухтарони ноҳия барои ҳунаромӯзӣ дар равияи дӯзандагию кадбонугӣ ҷалб шуда, машғулият аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронида мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин амалӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Марказ иқдоми зарурӣ шумориданд ва ба ҷавонон таъкид намуданд, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат васеъ истифода намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешбурд ва рушди соҳаҳо ҳисса гузоранд. Зеро Тоҷикистон ҷавон аст ва ба ҷавонони донишманду лаёқатманд ва дорои ахлоқи ҳамидаю маърифати баланд эҳтиёҷ дорад.
Ҷавонони фаъоли ноҳия дар навбати худ ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки ҳар як сухани пурҳикматашонро сармашқи кори худ намуда, дар оянда барои пешбури сиёсати Ҳукумати мамлакат ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.
Қобили тазаккур аст, ки шакл ва намои берунаи бинои тозабунёди Маркази ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод бо усулҳои меъморию шаҳрсозии муосир оро ёфта, атрофи он дар масоҳати беш аз 320 метри мураббаъ майсазор ва сабзкорӣ шудааст.
Бояд таъкид дошт, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти мамлакат нақшаи мукаммал тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 31 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бинои Маркази ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.