Бахшида ба 20-солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Шоми 20 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба муносибати 20-солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, собиқадорони соҳа, устодону шогирдони муассиса иштирок намуданд.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин роҳбарият, устодону шогирдони Консерваторияи миллии Тоҷикистонро аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барои фаъолияти минбаъдаи таълимию эҷодии муассиса комёбиҳо таманно кард.
Сипас, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода номаи табрикии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлатро ба аҳли нишаст қироат намуд.
Дар бахши фарҳвнгии чорабинӣ устодону донишҷӯени Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу диданӣ хотири меҳмонону иштирокчиёнро болида гардониданд.