Ҳизбиён ва фаъолони вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон 1 ноябр аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва фаъолони вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтумонӣ дар  Неругоҳи барқи оби «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ин сафар 125 нафар, аз ҷумла намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҲХДТ, олимон, аҳли адабу ҳунар иштирок ва бо мавзеъҳои иншооти НБО-и «Роғун» шинос шуданд.

Сафари ҳизбиён, фаъолони вилояти Хатлон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба корзори НБО-и «Роғун» ва дидору суҳбатҳо бо коргарону бунёдгарони ин иншооти азими аср дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани руҳияи саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани руҳияи коргарони он нақши муассир мегузорад.

Бинобар ин, чун анъанаи қадрдонӣ аз заҳмати содиқонаву фаъолияти назарраси кормандону хизматчиёни соҳаҳои гуногун сафари фаъолони ҷомеа ба Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо супориши Раиси вилояти Халон Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шуд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои созандагӣ дар НБО-и «Роғун» барномаи тафреҳӣ баргузор шуд ва кормандони Раёсати фарҳанги вилоят бо дастагули шеъру суруд табъи сохтмончиёнро болида гардониданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE