Дар Душанбе 30 ширкати ватанӣ маҳсулоти худро пешниҳоди харидорон намуданд

Дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар намоишгоҳ сокинон имкон доранд аз корхона ва ширкатҳои машҳури мамлакат, аз қабили «Сиёма», «Покиза», «Файзи Расул», «Шири Душанбе», «Молочная радость», «Баракат», «Беҳамто» ва ғайра орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, шириниҳои лазиз, афшураю шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводи шустушӯиву ороишӣ, мавод барои хона ва дорувориро бо нархҳои нисбатан дастрас харидорӣ намоянд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолии «Artel» ва «Karcher» ба муштариён бо нархи яклухт пешниҳод мегарданд. Дар намоишгоҳ намудҳои дигари хизматрасонӣ низ пешкаш мешаванд.

Муовини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Ҳайдар Раҷабов изҳор намуд, ки солҳои охир фаъолияти намоишгоҳӣ боз ҳам рушд менамояд ва иштироки соҳибкорону молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар онҳо боло меравад.

«Дар 10 моҳи сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ соҳибкорони мо дар зиёда аз 22 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 11 давлати дунё иштирок намуда, молу маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд. То охири сол иштироки онҳо дар якчанд намоишгоҳи байналмилалии дигар дар назар дошта шудааст. Бо иштирок дар ин гуна чорабиниҳо онҳо имкон пайдо менамоянд, ки ҳам давлат ва ҳам маҳсулоти хушсифати ватаниро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ намоянд»,-баён дошт намояндаи Палатаи савдо ва саноат.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» соли равон 10- солагии худро бо ифтихор таҷлил менамояд. Дар тӯли ин муддат лоиҳа беш аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, дар шинохта шудани тамғаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва бою ғанӣ гаштани бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE