Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад

Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори чорвои зотӣ 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 4 ноябр дар вилояти Хатлон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст.

Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE