Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави шуъбачаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд

7 ноябр дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бинои нави шуъбачаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Бино бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.

Бинои мазкур аз шуъбаи қабул,  ҷойи яроқу аслиҳа ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Ҳамчунин дар бино мизи шиносномадиҳӣ мавҷуд аст, ки ҷиҳати сари вақт ва бе хароҷоти зиёдатӣ омода намудани шиносномаи шаҳрвандон мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE