Сафири Тоҷикистон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария эътимоднома супорид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Алан Берсе эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, ҳавасмандии ҷонибҳо ба муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария таъкид шуд.

Президенти Конфедератсияи Швейтсария ба сафири Тоҷикистон барои анҷоми фаъолияти пурсамари дипломатӣ комёбӣ орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки Шараф Шерализода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъйин гардида буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE