Наврӯз Каримзод барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш гардид
23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Дар ин бора дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 60 давлат ширкат намуданд. Дар баробари Наврӯзи Каримзод Тоҷикистонро 2 варзишгари дигар- Муҳаммадризо Қувватов (-60кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.
Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.