Ба шаҳри Хуҷанд 9 нақлиёти нави партовкашон ворид гардид

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» 9 нақлиёти нави партовкашон ва 54 мошин ворид гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-ро даъват намуд, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.

Тазаккур дода шуд, ки бо васеъ гардидани ҳудуди аҳолинишини шаҳр, бунёд шудани хонаҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзуда, партовҳои сахти маишӣ зиёд мешаванд. Бо назардошти ин омил роҳбарияти шаҳр ҷиҳати сари вақт аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гирифтани партовҳо ва ободу зебо намудани он чораҳоро амалӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм дар назар аст, ки  Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимоти корӣ, таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ харида, нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маиширо барқарор намояд.

Дар доираи ин лоиҳа то охири соли равон ворид гардидани 7 техникаи дигари партовкашон пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE