Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуданд.
Изҳори умед шуд, ки ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.
Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.
Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.