Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд

Аз 23 то 28  март дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни ҷавонон ба поси хотири чемпиони олимпӣ Бахтиёр Артаев баргузор гардид. Дар ин хусус Федератсияи  бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқа аз рӯи 13 вазн байни писарон  доир шуд, ки  дар он 286 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 13 варзишгар намояндагӣ намуда, танҳо ба Амирбек Маҳрамов муяссар шуд, ки дар вазни 52 кг медали биринҷӣ ба даст оварад.

Ҳамчунин 24-28  марти соли 2024  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии бокс – «Шоҳроҳи бузурги абрешим» баргузор шуд. Дар он 104 варзишгар аз 11 давлат, аз ҷумла 2 варзишгар аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иштирок доштанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар ин мусобиқа муштзани ҷавони тоҷик  Бузургмеҳр Иксанов дар вазни  то 57 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE