Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи «World Judo Tour»- Antalya Grand Slam-2024, ки аз 29 то 31 март бо иштироки 628 ҷудочӣ аз 93 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар, аз ҷумда Аҳлия Муминова ва Насиба Карликова, ҳарду дар вазни то 52 кг, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалии Нуралӣ, ҳарду дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов, ҳарду дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов, ҳарду дар вазни то 100 кг муаррифӣ менамоянд.

Имрӯз, дар рӯзи якуми мусобиқа Аҳлия Муминова ва Насиба Карликова (дар вазни то 52 кг), Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов (дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов ва Эмомалии Нуралӣ (дар вазни то 66 кг) рақобат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE