Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳии “Суғд – чорроҳаи бузурги шоҳроҳи абрешим” баргузор гардид
Дирӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сайёҳии “Суғд – чорроҳаи бузурги шоҳроҳи абрешим” баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори Форум муовини раиси вилоят Суғд, Анвар Яъқубӣ, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, муовинони раисони вилоятҳои Фарғона ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони консулии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштрок доштанд.
Форуми мазкур бо мақсади муҳокимаи омилҳои асосӣ барои рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Русия ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баргузор карда шуд.
Қайд карда шуд, ки омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ва кор бо мизоҷон метавонад барои ҷалби сайёҳон заминаи мусоид гузорад.