Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Озарбойҷон мераванд

12 апрел дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот анҷод дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои омодагирӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки баргузории он даҳаи сеюми майи соли 2024 дар назар аст, ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Байни вазирон табодули афкор доир ба танзими Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон, инчунин ҳамоиши соҳибкорони ду давлат дар даҳаи дуюми моҳи майи имсол доир шуд.

Ҳамчунин якчанд масъалаи марбут ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE