Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид шуд, ки давоми беш аз сӣ соли истиқлолият ҳарду давлат дар ҳамкории созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд. Дар ин давра низоми қавӣ ва васеи шарикии стратегии дуҷониба, ки бар заминаи ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ асос ёфтааст, ба роҳ монда шуд. Заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба аз 200 санад, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун танзим мекунанд, иборат мебошад.
Ҷониби Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ ба манфиати давлату миллат ҳарчӣ бештар рушд ва густариш ёбанд.
Робитаҳои мавҷудаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар рушди ҳамкории гуногунҷанба ва судманд саҳми арзанда мегузоранд.
Дар мулоқот махсус иброз гардид, ки заминаи ҳуқуқӣ байни Палатаи қонунгузории Олии Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ, ки 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст ва Протокол дар бораи вазъият ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, ки моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду давлат ба имзо расидааст, ташкил медиҳанд.
Изҳор гардид, ки фаъол шудани гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар парлумонҳои ҳарду давлат таъсис ёфтаанд, инчунин робитаҳои зич байни кумитаҳои дахлдор ҳам ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳам ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат менамоянд.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат мебошад. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабинихои гуногун, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масьалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбанд.