Имрӯз дар Душанбе ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва собиқадорони соҳаи варзиш қадрдонӣ мешаванд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Дар он собиқадорони варзиш, ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024, мураббиён ва варзишгарони шинохтаи мамлакат иштирок мекунанд.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва бобарору варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтааст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо мукофотпулӣ ба маблағи 10 000 доллари ИМА қадршиносӣ намояд.

Ин иқдом ба баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузоштаи онҳо замина мегузорад.

Соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 14 август ба се ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ — Давлат Болтаев, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф, дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ — Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE