Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»

«Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти кишвар омода мебошанд. Мусаллам аст, ки ҷавонони мо нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамон ҳастанд», — гуфта шудааст дар Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони сарбаланди меҳанро бо самимият ва фараҳмандӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли пуртаровати баҳору зебоӣ таҷлил менамоем, табрик намудаанд.

«Хушбахтона, дар марҳилаи нави таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, ҷиҳати ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст саъю талоши бесобиқа анҷом дода мешавад.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми шариф ва ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистони азиз бахту иқбол ва зиндагии босафо орзу менамоям», — омадааст дар Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE