Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ иштирок кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 10 октябри соли 2023 дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон  дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ С.Муҳриддин роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмон ибрози назар намуда, аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, нақлиёт, саноат ва ғайра таъкид кард.

Дар фарҷоми ҷаласа вазирон баёнияи Шуша ва як қатор қарорҳои марбут ба фаъолияти СҲИ-ро қабул намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE