МУИН ҒАФУРОВ: “БЕҲТАРИН ЛАҲЗАҲОЯМ ДИДАНИ ШОДИИ МУХЛИСОН ҲАНГОМИ ҒОЛИБИЯТ БА ДАСТ ОВАРДАНАМ АСТ”

Муин Ғафуров варзишгари риштаи самбои муҳорибавӣ аст. Заҳмату талош ва боварӣ ба худ доштанро сирри комёбиҳояш медонад. Муин бар ин назар аст, ки агар инсон ба худ боварӣ дошта бошад, метавонад дар ҳама кор қодир бошад, чунки итминону боварӣ, нисфи муваффақият аст. Тӯли солҳост, ки ӯ дар ин намуди варзиш қувваозмоӣ мекунад ва аз худ маҳорату малакаи баланд нишон дода, унвони “Устоди дараҷаи байналмилалӣ” – ро сазовор гаштааст.

Дасти навозиши падар ҳанӯз дар айёми тифлӣ аз сараш канда шуд ва аз меҳру муҳаббаташ бенасиб монд. Тағояш Аҳтам Хокиров, ки мураббии варзиш аст, ӯро ба тарбияи худ гирифт ва Муини 6 – соларо ба толори варзиш ба намуди гӯштини тарзи озод бурд, то мисли худ варзишкор бошад.

Муин чанд муддат дар ин намуди варзиш тамрин намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Баъдан ба дастаи футболбозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон пайваст, чунки меҳри футбол дар дилаш маъво гирифта буд. Дар ин намуди варзиш ҳам, маҳорату малакаи баланд аз худ нишон дода, ҷойҳои ифтихориро ба даст овард. Чусту чолокӣ ва матонату маҳорати Муинро тағояш дида, ӯро худ ба шогирдӣ қабул намуд ва тамринро бо ӯ дар риштаи самбои муҳорибавӣ оғоз намуд.

Бо кӯшишу талошҳои пайвастаи устодаш Муин ин намуди варзишро дӯст дошту бо як завқмандии беандоза ба тамрин пайваст. Пайваста машқ мекард. Тамоми нозукиҳои ин риштаро ба зудӣ, аниқтараш дар муддати як ҳафта аз худ намуд, чунки зеҳни қавӣ ва иродаи мустаҳкам дошт. Ҳамин буд, ки дар давоми 7 рӯзи тамринаш ба нахустин мусобиқа, роҳхат гирифт. Дар нахустин сабқат ӯ ҷойи дуюмро ба даст овард. Албатта, дар муддати кӯтоҳ зинаи ифтихориро соҳиб гаштанд, на ба ҳар варзишгар муяссар мешавад. Ин аз ҷасорату тавонмандии ин варзишгари матинирода, дарак медиҳад. Ғолибият дар ин мусобиқа Муинро руҳбаланд намуда, ҳисси масъулияташро бештар намуд.

Акнун ӯ дар як рӯз ду маротиба тамрин мекард. Аз тағояш роҳи расидан ба пирӯзиҳоро меомӯхт. Ба ҳар як гапи тағояш гӯш медод, зеро медонист, ки дари муваффақиятро мураббӣ бароояш метавонад кушояд.

Ба камтарин нозукӣ ва хурдтарин паҳлӯҳои ин намуди варзиш аҳамияти ҷиддӣ медод. Тарзу усули хоси худро дар ин намуди варзиш пайдо кард, яъне бештар бо усули буғӣ кардан, ҳарифонашро мағлуб мекунад. Рӯз ба рӯз қуввааш зиёд мегардаду аз лиҳози танумандиву ҷасорату матиниродагӣ Рустами Достони афсонавиро ба ёд меовард.

Акнун дар сабқатҳои дохили кишвар рақибонаш ба ӯ баробар шуда наметавонистанд, яъне шаҳди пирӯзиро танҳо худи ӯ мечашид, зеро меҳнати пайваста ӯро то ба ин мартабаҳо расонд. Муин ҳоло ба 26 қадам мондаасту дар ин синну сол шикастнопазир буда, ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардидааст.

Муин ҳамагонро бо маҳорату тавонмандии худ қоил кардааст ва қобилияти худро берун аз кишвар мехост нишон диҳад ва обрӯи варзишгарони тоҷик ва Тоҷикистонро баланд бардорад ва ҳамин тавр ҳам шуд, ки соли 2012 Муин дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Федератсияи Русия баргузор гашт, ширкат намуда, медали тиллои ин мусобиқаро зебандаи пеши бару сари синаи худ гардонид.

Ӯ ду маротиба унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” оид ба самбои муҳорибавиро ба номи худ муҳр зад. Муин чанде пеш дар сабқати EFC, ки дар шаҳри Абу – Дабии АМА, дар варзишгоҳи  ҷиу – ҷитсу арена баргузор гардид, намояндаи кишвари Коста – Рика Уолтер Заморароро мағлуб кард. Шери жаёни тоҷик дар ин муҳориба аз худ маҳорати воло нишон доду бо зарбаҳои беист ва ҳамлаҳои пайдарпаяш то охири ин набард холҳои бештарро соҳиб шуду бо қарори доварон музаффарият насибаш гашт. Албатта, миллати тоҷик бо ин варзишгари парчамбардори кишвар ифтихор дорад:

Муин ҳарчанд варзишгари маъруф гаштааст, вале ҷавони хоксор асту кибру ғурур доштанро дар худ раво намебинад. Ӯ мегӯяд варзишгар то чанде зинаҳои баландро соҳиб гардад, ҳамон қадар хоксору фурӯтан бошад ва бояд зӯри бозуи худро танҳо дар майдон ба варзишгарони касбӣ нишон диҳад. Ба ҳамагон меҳрубон бошад ва ҳурмату эҳтироми дигаронро дар ҷойи аввал гузорад.

Муин мегӯяд, вақте дар сабқатҳо баромад мекунад, медонад, ки мухлисон интизори онанд, ки ӯ кай дастболо мешавад ва ин барояш илҳоми тоза бахшида, ӯро ба ғолиб шудан водор месозад. “Беҳтарин ва хотимонтарин лаҳзаҳо дидани шодию нишоти мухлисонам ҳангоми ғолиябият ба даст оварданам мебошад”,- мегӯяд ӯ.

Муин чун вориди майдони набард мешавад, нахустин шуда, ба ҳуҷум мегузарад ва бо зарбаҳои пай дар пай ҳарифашро аз по меафтонад ва ин лаҳзаҳо дар вуҷуди ӯ заррае тарсу ҳарос дида намешавад. Муин мегӯяд, агар дар рақобат тарс варзишгарро фаро гирад, аллакай ӯ мағлуб шудааст.

Муин чунон дилдодаю шефтаи варзиш аст, ки ҳар рӯзи худро бо он оғоз намуда, дар вақтҳои холӣ ҳам бо дӯстонаш футбол бозӣ мекунанд ва ба наврасону ҷавонон тавсия медиҳад, ки  ба варзиш бештар шавқманд шаванд. Мо ба Муин парвози баландтаринро дар ҷодаи интихобкардааш таманно дорем.

Адолат САНГИНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Аз идора: Суҳбати Муин Ғафуровро бо муҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” Адолат Сангинзода рӯзи панҷшанбе, соати 16:10 аз мавҷи 102.2 FM шунавед.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE