“САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”: БАРОИ ГУЛЗОРКУНИИ ПОЙТАХТ ОЗМУНИ ЭҶОДӢ ОҒОЗ ЁФТ

Дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо – «Сайри гули лола» гузаронида шуда, он дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2021 ҷамъбаст мегардад.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни мазкур аз рӯи чор номинатсия 88 000 сомонӣ ҷудо менамояд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва  мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Гурӯҳи кории шаҳрӣ натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳод гардида, то 25 марти соли 2021 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки ҳамин гуна озмунро дар сатҳи ноҳия баргузор карда, онро то 18 марти соли 2021 ҷамъбаст намоянд.

Неъмати МУҲИБ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE