«30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ доир гардид

Имрӯз дар бинои Парлумони Тоҷикистон бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллӣ  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадри конфронс ва ҳайатҳои воломақоми парламентҳои кишварҳои хориҷиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Иброз гардид, ки нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

«Қабули ин санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафт ва муаррифии давлати мо ба оламиён мебошад»,- баён доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Иброз гардид, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар баробари тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон дар саргаҳи пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дошта, ташаббускори қабули нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар — Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он алоҳида таъкид карда, иброз намуданд, ки «Сарвари мамлакат бо хиради воло, иродаи қавӣ, шуҷоату далерии бемисл ва бо қадамҳои қатъии хеш ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшида, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот доданд, дар таъмини сулҳу субот, рушду бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми бузург гузоштанд».

Дар идомаи конфронс Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва собиқ вакили Шурои Олӣ, даъвати дувоздаҳум ва Маҷлиси Олӣ, даъвати якум Рафиқа Мусоева суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ кори Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор бахши алоҳида дар доираи мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Конститутсия- заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» идома дода шуд.

Дар ин бахшҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳайатҳои парламентӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди босуботи давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҷомеа ва аҳамияти Конститутсия дар рушду такомули ҷавонони мамлакати соҳибистиқлол маъруза ва табодули афкор намуданд.

Бо ҳамин Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом ёфт.

Дар кори конфронси байналмилалӣ роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE