Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд

Масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳуқуқии ҷорӣ ва мутақобил дар соҳаи таъмини амният дар мулоқоти  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода  бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, тақвияти сарҳади давлатӣ, инчунин истирдоди шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти такмили механизмҳои ёрии ҳуқуқии мутақобилро иброз намуда, зарурати баланд бардоштани фаврияти ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуд.

Сафир Радослав Дарски дар бораи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар Тоҷикистон амалӣ шуда, ба мубориза бар зидди терроризм, таҳкими сарҳади давлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ва ғайра нигаронида шудаанд, маълумот пешниҳод кард. Ҳамзамон  барои рушди минбаъдаи муколамаи самарабахш изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE