Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар ҳамсолонаш аз Уммон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё роҳ ёфт. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бар тимҳои Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) пирӯзӣ ба даст овард.
Наврасони мо бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи «J» мақоми аввалро соҳиб шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, баромаданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон