Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он намоядагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои далватӣ, олимону коршиносон, намояндагони ташкилотҳои байналмиливу ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар иштирок варзиданд. Гузориши ҳамкорамон Шарофиддин Каримов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE