Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия мулоқот намуд

17 август дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Минна Мари Моруджарви баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Финляндия табодули афкор намуданд.

Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 22 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 13 январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадшариф Ҳақдод Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия таъйин карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE