Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид

 Дар шаҳри Риёз байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошт дар доираи мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал – Ҳувайзӣ имзо гардид. Он қадами муҳим дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ду давлат ба ҳисоб меравад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар самти сармоягузорӣ баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидори бузурги ҳамкорӣ дорад, ки онҳоро метавон дар асоси манфиатҳои мутақобили судманд дар ҳамдастӣ бо соҳибкорону сармоягузорони саудӣ истифода намуд.

Доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории саудӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои гуфташуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ намоянд.

Татбиқи лоиҳаҳои муҳимму ояндадори зербиноиву истеҳсолӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ дар соҳаҳои энергияи “сабз”, рушди инфрасохтор, саноат, коркарди маъдан, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт метавонад заминаи ҳамкории самарабахш бошад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE