Синамогарони олмонӣ дар бораи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон филм таҳия менамоянд
Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковски ва Маттиас Майер бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кутоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафари филмсозони олмонӣ ба кишвари мо бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифта, он 15 рӯз — аз 10 то 25 июн идома меёбад. Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз наздик шинос мегарданд.
Аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ду филми куттоҳмуддати иборат аз 20 дақиқагӣ таҳия гардида, дар онҳо Тоҷикистонро ба мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд. Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.