Баргузории Форуми «Ташаккули оянда: Рушди асоси салоҳият»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи милли Тоҷикистон” Форуми «Ташаккули оянда: Рушди асоси салоҳият» баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз вазорату кумита, шарикони рушд, муассисаҳои миëна ва меҳмонон ширкат намуданд. Форуми мазкур аз тарафи лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО таҳти унвони “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ, дар таҳсилоти касбию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил шудааст. ▫️Дар форум мавзуоти муҳим аз ҷумла “Барномаҳои таълимии фанҳои риёзӣ ва табиӣ”, “Ташаккули салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои омӯзгорон”, “Намоиши таҷрибаҳои таълимии фанҳои риёзӣ ва табиӣ”, “Баҳои воқеӣ ба вазъи кунунии таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ”, “Ҳамгироии таълимӣ ба салоҳият асосёфта”, “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар барномаҳои таълимии фанҳои дақиқ ва риёзӣ” ва дар маҷмӯъ, намоиши дастовардҳои таълимии матраҳ гардиданд.▫️Таъкид рафт, ки ташкилкунандагон аз баргузории ин форум интизоранд, ки баъди ин нишаст дар самти беҳтар сохтани таълими фанҳои риёзӣ ва табиӣ қадамҳои устувортаре гузошта мешавад.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE