Чаро қурби рубли русӣ поён рафт?

🏦Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ чунин иттилоъ медиҳад:  Бо мақсади шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охир ба маълумоти воситаҳои ахбори омма, субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ мерасонад, ки вазъият дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои охир бо назардошти таъсири омилҳо, ки бо тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманд аст, арзёбӣ мегардад.

▫️Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари ИМА нисбати асъорҳои давлатҳои рӯ ба инкишоф, яку якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА, бинобар авҷ гирифтани муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад. Дар натиҷа, чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардиданд.

▫️Боиси қайд аст, ки мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат” дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ гардида истодааст. Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.

▫️Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада, Бонки миллии Тоҷикистон тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатии мазкурро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро доро мебошад ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро истифода хоҳад бурд.

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE