Имрӯза ҳолати партовгоҳҳо дар шаҳри Ваҳдат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиат намуда, чунин даъват ба амал оварданд: «Ман ба мардуми азизи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем».
Аммо имрӯз аз чӣ бошад ин нишондодҳои Сарвари давлат, дар ин гушаи шаҳри Ваҳдат аз назарҳо дур афтодааст. Мо чанд ҳолати партовҳои бесоҳиб дар канори руди Кофарниҳон дар маркази ин шаҳр мушоҳида ва акс гирифтем, ки хеле нигароникунандаанд. Дар посух ба иҷроиши ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Азизода- директори Муассисаи давлатии хоҷагии манзилии коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат гуфт, ки онҳо аслан 34 партовгоҳи расмиро тоза намуда, ин мавзеъ бо иллати шартнома надоштани корхонаҳои атрофи он аз ҷумлаи Бозори марказӣ аз ҷониби ин муассиса хизматрасонӣ намешавад.
Ба маълумоти Акмал Каримов – сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат бошад, дар соли ҷорӣ дар ин шаҳр 16 маротиба аксияҳои тозагии соҳил анҷом ёфтааст, ки дар он ташкилоту идора ҷамоатҳо ва ҷавонон ширкати фаъол доштаанд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE