Таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барои иштирокчиёни Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
12 июн дар Қасри Арбоб барномаи ҷолиби консертӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барои иштирокчиёни Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Чорабинӣ бо ҳунарнамоии овозхонҳои машҳур, гурӯҳҳои рақсии миллӣ ва намоиши фарҳанги ғании миллати тоҷик рӯҳи ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббати халқи тоҷикро ба меҳмонон таҷассум намуд.
Ин шабнишинии фарҳангӣ боз як гоми устувор дар роҳандозии ҳамкориҳои дӯстона ва рушди робитаҳои тиҷоративу фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ беш аз 500 нафар меҳмон аз 20 кишвари ҷаҳон ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.