Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гушаи китобҳои гӯё» ташкил гардид, ки хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) метавонанд аз китобҳо истифода намоянд. Дар ин хусус аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва чопӣ аз ҷониби шарикони рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии нафарони маъюб ва беҳбудӣ бахшидан ба шароиту имконот барои омӯзиш ва нишон додани маҳорати хоси онҳо мебошад.
Китобҳои савтӣ ва имову ишора барои хизматрасонии хонандагон аз тарафи кормандони шуъба ба компютер ва ноутбукҳо боргирӣ шуданд. Ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) имконияти хуби мутолиа кардан мебошад.
Китобҳои Ато Мирхоҷа «Эҳсосамро шиносам», Муҳриддин Сабурӣ «Мисли худат бош», Роберт Макклоски «Марминҷон барои Соро», Муродалӣ Собир «Наҷоти моҳиён» аз зумраи китобҳое мебошанд, ки хонандагон метавонанд дар ин шуъба аз онҳо истифода баранд.