Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд

9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро  муаррифӣ карданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Сарони давлатҳо дар мавзеҳои зебо суҳбати озоди дӯстона доир намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE