ВАТАН ҶОНЕ, КИ ДАР ҶОНИ МАНУ ТУСТ…». Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд
Имрӯз, 1 октябр — дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ гувоҳӣ медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагони худ паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон дода тавонистанд, ки ба давлату миллати худ содиқ ҳастанд.