Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд.

Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ

таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд.

Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE