Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамояд»
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногунро пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110 номгӯйи онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ибрози андеша намуданд.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад, ки ба соҳибкорон барои рушди муваффақонаи тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ пешниҳод менамоянд.
«Соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорӣ» ва Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намудем. Ин санадҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам оварда, соҳаҳои афзалиятнокро барои сармоягузорон муайян ва кафолати ҳифзи сармоягузоронро таъмин менамоянд»,-иброз доштанд Сарвари давлат.
Бояд гуфт, ки ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.