Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

 Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо, шаффофият ва риояи стандартҳои байналмилалӣ имрӯз дар мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва  Директори департаменти харид ва идоракунии молиявии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аамир Мир баррасӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, то бонк дар тезонидани расмиёти харид ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки мусоидати фаъоли техникии бонк ва истифодаи механизмҳои муосири харид барои баланд бардоштани сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Мусоҳибон имконияти ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони хариди лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (бо таваҷҷуҳ ба банақшагирӣ, тайёркунии ҳуҷҷатҳо, баҳогузорӣ ва назорати иҷро), инчунин ҷалби мушовирони тахассусиро барои дастгирии гурӯҳҳои татбиқкунанда муҳокима намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE