Ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи Тоҷикистон ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд, — бардошт аз Конфронси байналмилалӣ

Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд. Ҳамзамон татбиқи ин Стратегия дар 100 муассисаи таълимии  мамлакат оғоз гардидааст. Дар ин хусус 25 октябр дар шаҳри Душанбе муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» иттилоъ дод.

«Ворид намудани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф на танҳо як иқдоми инноватсионӣ, балки қадами муҳим ба сӯи таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон ва мутобиқсозии таълим ба талаботи замони муосир мебошад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки насли нав бо донишҳои рақамӣ шинос шуда, дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир гарданд», – изҳор дошт муовини якуми Сарвазири мамлакат.

Дар Тоҷикистон бо дастгирии пайвастаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экосистемаҳои зеҳни сунъӣ босуръат рушд намуда, ҷумҳурӣ  ба минтақаи ҷолиб барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ имрӯз беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳаҷми азими маълумот, талаботи рӯзафзуни бозор, суръати баландтари зиндагӣ ва рақобати шадид рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит зеҳни сунъӣ на танҳо воситаи осонкунандаи кор, балки ёвари муҳим мегардад. Он метавонад корҳои такрориро ба зимма гирад, таҳлилҳои дақиқ анҷом диҳад ва ҳатто дар равандҳои эҷодӣ саҳм гузорад. Маҳз ҳамин зарурат боис шуд, ки мамлакатҳои ҷаҳон ба масъалаи танзим ва идораи дурусти AI таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE