Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин санад аз 12 модда иборат буда, тибқи он тарафҳо метавонанд дар мубодилаи китобҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои марбут ба фарҳанг, адабиёт ва таърихи давлатҳо ҳамкориро амалӣ намоянд.

Иброз шуд, ки дар доираи ин Ёддошт китобхонаҳои миллӣ ҳамкориро дар бахшҳои гуногун густариш медиҳанд. Ҳамкорӣ дар табодули нашрияҳо, ташкили сафарҳои корӣ барои мутахассисон, ҳифз ва таъмиру тармими китобҳои мероси фарҳангӣ ва рушди маводи чопию электронӣ тибқи қонунгузории давлатҳои тарафайн амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар самти фаъолияти китобдорӣ бо  намояндагони китобхонаҳои ду ҷониб тибқи қонунгузории миллӣ ҳамкорӣ ва мубодила менамоянд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE