Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода аз шаҳри Панҷакент боздид кард. Зимни сафар ӯро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод, Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панчакент бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил давоми сол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Ҷиҳати бо оби полезӣ таьмин намудани наздик ба 200 гектар заминҳои кишоварзии мавзеи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз ёфта, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда истодааст.

Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боғҳои гуногун бунёд гардида, ниҳолҳои чормағз, зардолу, себ ва токи ангури тоифӣ парвариш карда мешаванд.

Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода аз рафти корҳои сохтмонии фермаи моли калони шохдори соҳибкор Масрур Савриев дидан намуд.

Фермаи мазкур барои парвариши 100 сар чорво ба нақша гирифта шуда, асосан барои парвариши чорвои гӯштӣ пешбинӣ гардидааст.

Сулаймон Зиёзода барои саривақт ва бо сифати аъло анҷом додани корҳо ва кабудизоркунии гирду атроф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи боздид муовини Сарвазир бо вазъи пойгоҳҳои обкашии «Дупула» ва «Ёрӣ 1» шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати саривақт таъмин намудани оби полезӣ ба хоҷагидорон дастур дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE