Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд сохтмони қасри фарҳанг бо 3 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтаааст, ки бо усули меъмории миллӣ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон дар доираи корҳои ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа, 50 фоизи масоҳати боғ сабзу хуррам гардида, дар қисмати боқимонда инфрасохтори зарурӣ таъсис дода мешавад.
Бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд далели равшани пойдории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

