Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» доир мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар мамлакат сол то сол зиёд мешавад.

